LIVE

“Барселона” зинаи аввалро ба худ баргардонд

Дар бозии марказии даври 15-уми рақобатҳои чемпионати Испания, дастаҳои “Барселона” ва “Атлетико” дидор анҷом доданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ванда Метрополитано” сурат гирифта бо ғалабаи минималии меҳмонон анҷом ёфт. 
Дар нимаи аввал футболбозони шаҳри Мадрид наздиктар ба задани гол буданд, аммо 2 сейви олии Марк Андре Тер-Штеген боис бар он шуданд, ки дастаҳо бо ҳисоби 0:0 ба танаффус бароянд. 
Дар нимаи дуввум ҳам бозӣ баробар ҷараён дошт. “Барселона” бештар ба ҳуҷум мегузашт, аммо лаҳзаҳои хавфнокро ба миён овардан натавонист. Хати дифои дастаи Симионе чун ҳарвақта дар ҳолати хуб қарор дошт. Девори "Атлетико" то дақиқаи 86-ум побарҷо буд. Радоради кӯтоҳи туб дар иҷрои Месси ва Суарес ба голи футболбози аргентинӣ овард. 
Мавриди тазаккур аст, ки ин аввалин ғалабаи “Барселона”  бар “Атлетико” дар “Ванда Метрополитано”  ба ҳисоб меравад. Ду бозии қаблӣ, ки дар ин майдон сурат гирифтанд, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расиданд. 
Пас аз ин ғалаба нилунориҳо соҳиби 31 имтиёз шуда, зинаи аввалро ба худ баргардонданд, ки ба муддати муайяне он ҷо “Реал Мадрид” пас аз ғалабааш бар “Алавес” қарор дошт. “Атлетико” бошад бо 25 хол дар зинаи шашум мавқеъ касб намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив