LIVE

“Реал” аз чанголи “Брюгге” раҳо ёфт

Бозиҳои даври дуюми гурӯҳии Лигаи чемпионҳоро “Реал Мадрид” оғоз бахшид, ҳамон бошгоҳе, ки дар даври якум аз сӯи “ПСЖ” тору мор гардид. Ҳанӯз аз хотири мухлисони бошгоҳи “шоҳона” ҳамон бозие, ки “шоҳзодаҳо”-и Париж бидуни Неймар, Мбаппе ва Кавани чӣ гуна гаразмониҳоро сарафканда карданд зудуда нашуда, ин дафъа дар рақобат бо бошгоҳи камбаҳои гурӯҳ “Брюгге” дастпарварони Зинидин Зидан имтиёз аз даст доданд.  
Голи аввали дидорро Эммануэл Бонавентура Деннис дар дақиқаи 9-уми бозӣ зад. Бо гузора шудани 30 дақиқаи дигар ин футболбози нигериягӣ дублро ба номаш сабт кард. Бонавентураи тезпо пас аз иштибоҳи Модрич тӯбро соҳиб шуда, ҷониби дарвозаи Куртуа ҳаракат кард ва бо зарбаи маҳками худ ӯро дар ғафлат гузошт. Дарвоқеъ Тибо дар қисми дуюм ба майдон наомад. Куртуаро Ареола иваз кард. Тағйиротҳои зудҳангоми Зидан дарҳол натиҷа оварданд. Аз оғози қисми дуюми бозӣ 10 дақиқа гузашта буд, ки мизбонон бо голи Серхио Рамос ҳисобро баробар карданд. Барои сарвони “Реал” ин 120-умин бозӣ дар ЛЧ буд. Ӯ аз рӯи шумораи бозиҳо дар ин мусобиқаи бонуфуз бо Роберто Карлос баробар шуд. Инчуни бо голи мазкур Серхио пас аз Жерар Пике дуюмин муҳофизатгаре шуд, ки дар 10 мавсими ЛЧ паёпай ба задани гол муваффақ мешавад. 
Тағйироти сеюми Зидан ҳам кор дод. Винисиус пас аз суръатафзоӣ сарвони тими меҳмонро маҷбур кард, ки нисбати ӯ қоидаи бозиро вайрон кунад. Чун Вормер майдонро тарк кард, мадридиҳо мувозинатро барқарор карданд. Партофти Тони Кроосро Каземиро бо зарбаи сар ба гол табдил дод. Ин разми ҳамосии “Реал” ва “Брюгге”, ки 2-2 мусовӣ ҷамъбаст шуд, танҳо як тимро қаноат мекунад. Дастае, ки бештар аз дигарон ҷоизаи ин мусобиқаро соҳиб шудааст, ҳоло дар ҷустуҷӯи мавқеи хеш дар бонуфузтарин мусобиқоти бошгоҳии сайёра аст.
Лигаи чемпионҳо
Гурӯҳи “A”
«Реал» (Испания) — «Брюгге» (Белгия) — 2:2 (0:2)
Голҳо: Деннис, 9 (0:1). Деннис, 39 (0:2). Серхио Рамос, 55 (1:2). Каземиру, 85 (2:2).
«Реал» (Испания): Куртуа (Ареола, 46), Карвахал, Варан, Серхио Рамос, Начо (Марселу, 46), Кроос, Каземиру, Модрич, Васкес (Винисиус Жуниор, 67), Бензема, Азар.
«Брюгге»: Минйоле, Клинтон Мата, Мехеле, Дели, Собол, Вормер, Ритс, Ванакен, Диатта, Деннис (Опенда, 71. Кулс, 87), Тау (Схрейверс, 90+2).
1 октябр. Мадрид. Варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив