LIVE

Варан аз Азар дида голи бештар задааст

Дар даври 19-уми Чемпионати Испания дастаи “Хетафе” дар хонааш тими “Реал”-ро истиқбол гирифт. Дар миёнаи қисмати аввали бозӣ ҳарчанд баъд аз зарбаи муҳофизатгари фаронсавии бошгоҳи шоҳона Рафаэл Варан тӯб вориди тури дарвозаи соҳибони майдон гардид, аммо голро дар исми дарвозабони “Хетафе” -  Давид Сория навишта карданд. Дар қисми дуюми рақобат бошад, дифогари  мадридиҳо баъд аз иҷрои зарбаи кунҷӣ билохира ба задани гол даст ёфта, ҳисобро 0 бар 2 сохт. Дар нафасҳои охирини бозӣ, Лука Модрич бо голи худ ба натиҷаи ин дидор нуқта гузошт. Мадридиҳо баъд аз се бозии бе бохт, билохира дар Ла Лига шаҳди пирӯзӣ чашидаанд ва то натиҷаи бозии “Барселона” бо “Эспанйол” зинаи аввали ҷадвали умумии мусобиқотро азони худ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив