LIVE

“Барселона” аз буҳрон мебарояд

Дар бозии даври 7-уми чемпионати Испания “Хетафе” дар майдони худ аз “Барселона” бо ҳисоби 2-0 дучори шикаст шуд. Ҳисоби бозӣ дар анҷоми қисми якуми дидор кушода шуд. Луис Суарес муаллифи гол гардид. Ӯ партофти дарвозабони тим Марк Андре тер Стегенро истифода карда, бо дарвозабони рақиб як ба як баромад ва аз болои сари Давид Сория тӯбро ҷониби дарвоза равон кард. Тер Стеген нахустин дарвозабони “ниунориҳо” аст, ки дар асри XXI ба ҳамтимонаш паси голӣ медиҳад.
Дар оғози қисми дуюми дидор бошад каталониҳо бо кӯшиши футболбози навкори тим Хуниор Фирпо ҳисобро дучанд карданд. Ҳарчанд меҳмонон пас аз корти сурх гирифтани муҳофизатгарии Клеман Лангле бештар аз 10 дақиқаи бозиро 1 нафар кам пушти сар карданд, аммо “Хетафе” дар ин муддат натавонист, натиҷаро тағйир диҳад.
“Барселона” бо ин пирӯзӣ ба ҷойи дуюми ҷадвал баромад, вале дастаҳои дигари чемпионат ҳоло бозиҳои даври 7-уми қаҳрамонии Испанияро доир накардаанд.
Барои “нилунориҳо” ғалабаи мазкур аввалин пирӯзӣ дар 8 бозии охири сафарӣ ба ҳисоб меравад. Шогирдони Эрнесто Валверде бори охир 24-уми апрели соли ҷорӣ дар сафар Алавесро 2-0 мағлуб карда буданд. Ҳамзамон дар ин мавсим бори аввал аст, ки дастаи “Барселона” ду ғалабаи паёпайро ба қайд мегирад. Пештар аз ин онҳо “Вилярреал”-ро миёнаи ҳафта бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив