LIVE

Суарес: Месси фикр мекунад, ки маро аз “Барса” ронданд

Ҳамлагари “Атлетико” Луис Суарес дар бораи сахтгуфториҳои ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси барои рафтани ӯ аз клуби каталонӣ назари хешро баён кард.  Ман аз вокуниши Лео ҳайрон нашудам, зеро ман ӯро хеле хуб мешиносам. Ман медонам, ки дарди ӯ чӣ гуна буд - ҳамон дарде ки ман доштам. Вай фикр мекунад, ки маро аз клуб ронданд. Роҳҳои дигари ҳалли дурусти ин масъала вуҷуд доштанд. Ман шаш соли дарозро дар клуб гузарондам ва ин ӯро ба ташвиш овард. Ман ӯро дӯсти ҳақиқии хеш мешуморам. Месси медонад, ки мо то чӣ андоза хавотир будем. Оилаи ман мехостанд маро хушбахт бубинанд. Баъзе чизҳои аҷиб дар “Барселона” рух медиҳанд. Масалан, агар дар бозии оянда ту барояшон лозим набошӣ, он вақт шуморо ба тамрини алоҳидагӣ  мефиристанд. Чунин чизҳо ба ман осеб мерасонданд ва оилаам дид, ки ин ба ман чӣ қадар таъсир мерасонад, аз ин рӯ онҳо ба ман маслиҳат доданд, ки фурсатро истифода барам. Вақте ки “Атлетико” пешниҳоди ҳамкорӣ кард, ман ҳеҷ гоҳ дудила нашудам. Албатта, ман бояд ба бисёр чизҳо одат кунам, аммо худро дар “Атлетико” хеле хушбахт ҳис мекунам, - иқрор шудааст Суарес.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив