LIVE

Ҷавоби Лэмпард ба Клопп

Сармураббии “Челси” Фрэнк Лэмпард ба изҳороти сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп дар бораи сиёсати трансферии “Челси” вокуниш нишон дод. Клопп қаблан гуфта буд, ки “Ливерпул” наметавонад мисли “Челси” шумораи зиёди футболбозонро харидорӣ кунад, зеро дастаи мо ба мисли лондониҳо ба кишвар ё  сарватмандон тааллуқ надорад.

«Шумо ба бозигарони “Ливерпул” нигаред - Ван Дейк, Алиссон, Фабинйо, Кейта, Мане, Салоҳ. Футболбозони бебаҳо бо нархи хеле баланд. “Ливерпул” онҳоро дар тӯли вақти кӯтоҳ харидааст. Мо бошем, бар асари муҷозот ду мавсим ҳуқуқи ба қайд гирифтани бозигари навро надоштем. Мо кӯшиш мекунем, ки вазъро ислоҳ кунем, то ҳайати худро тақвият диҳем. Мо медонем, ки “Ливерпул” ҳоло дар сатҳи баланд қарор дорад. Мо медонем, ки онҳо мураббии бузург доранд. Мо медонем, ки онҳо бозигарони аҷиб доранд. Ин иқдоми воқеан оқилонаи “Ливерпул” аст, ки онҳо ба мураббӣ ва системаи худ чанд сол боз бовар доранд. Ин таърихи олӣ аст, аммо ин ҳама ройгон ба даст наомадааст.  Барои ин ҳама пули калон харҷ кардаанд».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив