LIVE

Лэмпард: Ман иштибоҳи Моуринйоро такрор намекунам

Сармураббии тими лондонии «Челси» Фрэнк Лэмпард қабл аз бозии даври 19-ум, ки дастпарварони ӯ бо клуби «Саугтемптон» бозӣ мекунанд, назари худро дар мавриди бозигарони ҷавон чунин баён дошт. 
Ӯ гуфтаас, ки талош мекунад то он иштибоҳе, ки мурабии қаблии даста дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус  Муҳаммад Салоҳ ва Кевин Де Брёйне эътимод накарду онҳо феълан яке аз беҳтарин футболбозони тимҳои худ маҳсуб мешаванд, дубора такрор накунад. Ёдовар мешавем, ки Салоҳ дар «Ливерпул» ва Де Брёйне бошад, дар «Манчестер Сити» бозӣ мекунанд. 

«Агар тоқатфарсо набошему ба ҷавонон бовар накунем, пас дар ҳолате қарор мегирем, ки қаблан низ он дар мо рух дода буд. Дар сурате, ки ба ҷавонон имконият дода мешуд,  ҳоло беҳтарин футболбозони сатҳи ҷаҳонии 20–21 сола дар ҳайати “Челси” буданд. Аммо мутаъсифона ситоди мураббиёни қаблӣ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир накарданд.    Ман бошад, мекушам то онҳоро бовар кунонам, ки дар тими мо бимонанд», гуфтааст Лэмпард.

Ёдовар мешавем, ки  Де Брёйне соли 2014 ба «Волфсбург» бо арзиши  22 млн € ва Салах бошад, соли 2016 ба «Рома» бо маблағи  15 млн € фурухта шуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив