LIVE

Клопп рекорди Гвардиоларо такрор кард

Сармураббии «Ливерпул» - Юрген Клопп ғалабаи дастаашро бар тими «Вест Хэм» (3:2) дар даври 27-уми чемпионати Англия шарҳ дод.
“Шумо дидед, ки «Манчестер Сити» чӣ гуна бозӣ мекунад. Сатҳи бозии даста мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалист ва имкони ғалаба дар тамоми бозиҳои боқимондаро дорад. Мо бояд ғалабаҳои худро идома диҳем. 
Ман ҳеҷ гоҳ гумон ҳам намекардам, рекорди силсилапирӯзиҳои «МС»-ро такрор мекунем. Мо ин корро кардем, ҳарчанд бовар накарданист”, иқрор шудааст: Клопп.
«Ливерпул» 18-умин ғалабаи пайдарҳами худро дар ПЛА ба даст оварда, рекорди «Манчестер Сити»-ро такрор кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив