LIVE

Гвардиола аз феҳристи беҳтарин мураббиҳо ихтисор шуд

Премйер Лигаи Англия дар сайти расмии худ рӯйхати номзадҳои ҷоизаро барои мураббии беҳтарини чемпиони Англия дар мавсими солҳои 2019/20 интишор кард.
Хосеп Гвардиола, ки бо «Манчестер Сити» барандаи нишони  нуқраи чемпионат шуд,  дар байни номзадҳои ҷоиза ҷойе наёфт.
Ба рӯйхат чор мутахассис дохил мешаванд: Юрген Клопп (Ливерпул), Фрэнк Лэмпард (Челси), Брендан Рожерс (Лестер Сити), Крис Уайлдер (Шеффилд Юнайтед).
Клопп “Ливерпул”-ро дар тӯли 30 соли охир ба қаҳрамонӣ расонид.  Ҳамзамон, даста дар 38 давр 99 хол ба даст оварда, рекорд  гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив