LIVE

Унвони беҳтарин мураббии Премйер Лигаи Англия насиби кӣ шуд?

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин мусобиқа, сармураббии “Ливерпул” - Юрген Клопп беҳтарин сармураббии мавсими солҳои 2019/2020 дар Англия  эълон карда шуд.
Ба ғайр аз Клопп, Фрэнк Лэмпард (Челси), Брендан Роҷерс (Лестер Сити) ва Крис Уайлдер (Шеффилд Юнайтед) барои ҷоизаи беҳтарин мураббии Премйер лигаи Англия дар мавсими гузашта,  номзад буданд. Клопп ин ҷоизаро, ки ба номи мураббии маъруфи футбол Сер Алекс Фергюсон гузошта шудааст, қаблан низ ба даст оварда буд.  
Хотиррасон мекунем, ки "Ливерпул" бори аввал дар 30 соли охир қаҳрамони Англия шуд. Бори охирин ин даста соли 1990 чемпион шуда буд. “Ливерпул” дар маҷмуъ 19 маротиба қаҳрамони футболи Англия гаштааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив