LIVE

«Ман Сити» ба ваъдааш вафо мекунад ё не?

Сармураббии «Манчестер Сити» Пеп Гвардиола ва шогирдони ӯ барои  «Ливерпул» ваъдаи ташкили гузаргиҳои чемпионӣ дода буданд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки агар сурхпӯшон то бозӣ бо шаҳриҳо ин унвонро ба даст биёранд, дар майдони Иттиҳод роҳрави қаҳрамонӣ ташкил карда мешавад. Ҳамакнун қабл аз сафар ба варзишгоҳи Иттиҳод, Муҳаммад Салоҳ ва ҳамдастагони ӯ расман унвони қаҳрамониро ба даст оварданд. 
Дар  Премйер лигаи Англия  «Ливерпул» бо фарқияти 23 хол аз «Сити» пешсаф аст ва қабл аз анҷоми муҳлат ин тими футбол чемпиони Премйер лигаи Англия гардид. Шогирдони Клопп сар аз   мавсими солҳои 1989/1990 бори аввал ин унвонро моли худ сохтанд.  «Ливерпул» дар даври навбатии мусобиқа бо «Ман Сити» бозӣ мекунад. Оё Пеп Гвардиола  ва шогирдони ӯ ба ваъдаашон вафо мекунанд ё не? 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив