LIVE

«Ливерпул» кай чемпион мешавад?

«Ливерпул» тими футболи «Кристал Пэлас»-ро дар даври 31-юми Чемпионати Англия бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Дастаи Юрген Клопп 86 имтиёз дорад. Тими футболи «Манчестер Сити» феълан дорои 63 хол буда, ҳанӯз бозии худро анҷом надодааст. 
«Ливерпул» қаҳрамони Премйер лигаи Англия мешавад, агар «Сити» аз «Челси» мағлуб шавад. 
Дар сурати ғалабаи «Сити» бар «Челси», он вақт рӯзи 2-юми июл рақобати ин ду даста дар Манчестер метавонад, тақдири қаҳрамониро ҳал кунад. Барои «Ливерпул» он вақт зарур аст, ки шогирдони Пеп Гвардиоларо дар варзишгоҳи Иттиҳод ба зону шинонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив