LIVE

Ба дастаи Гвардиола чӣ шуд?

«Манчестер Сити» дар ин мавсими Премйер-лигаи Англия то ҳаде имтиёзи зиёд аз даст дод, ки  ҳатто дар тамоми бозиҳои соли гузашта чунин натиҷаи ғайри қаноатбахш  надошт. Дар даври гузашта, шаҳриҳо дар сафар аз «Вулверхэмптон» мағлуб гардиданд. Шогирдони Хосеп Гвардиола то ба ҳол дар чемпионат 19 имтиёз аз даст доданд, ки дар мавсими қаблӣ дар 38 бозии доир намуда,  танҳо 16 холро қурбон карда буданду тамом. Дар ин мавсими ПЛА  «Манчестер Сити» 38 имтиёз ба даст овардааст, ки чунин натиҷаи ғайри интизорро даста зери роҳбарии мутахассиси каталонӣ Хосеп Гвардиола дар мавсими солҳои 2016/17  нишон дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив