Ассатсиятсияи мураббиёни Премйер лигаи Англия мутахассиси олмонӣ - Юрген Клоппро ба унвони бонуфузи беҳтарин мураббии мавсими солҳои 2019/20 сазовор донистанд. Ҷоизаи мазкур ба номи собиқ сармураббии "Манчестер Юнайтед" Сэр Алекс Фергюсон гузошта шудааст. Дастаи “Ливерпул” таҳти роҳбарии мураббии 53 солаи олмонӣ Юрген Клопп баъд аз 30 сол қаҳрамони Англия гардид.