Ҳамлавари мунтахаби Аргентина Лионел Месси суханони хешро оиди ширкат накарданаш дар чемпионати ҷаҳон— 2026 шарҳ дод.
«Ба хотири синну сол ва фурсати баргузории чемпионат бароям мушкил аст, ки онҷо бозӣ кунам. Бозиҳои интихобӣ ва Ҷоми Амрико дар пешанд ва дар мавриди чемпионати ҷаҳон андеша кардан хеле ҳам барвақт аст », – иқтибос меорад аз суханони Месси TyC Sports.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати ҷаҳонии соли 2026 дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мегардад. Месси ба сафи тими амрикоии «Интер Майами» гузариш намуд. Дар чемпионати ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар мунтахаби Аргентина пирӯз гардид ва ҳамлавари асосияш беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуд.
Дар мавсими сипаришудаи футболи бошгоҳӣ Месси дар 32 бозии чемпионати Фаронса дар сафи «ПСЖ» бо 16 голу 16 партофти голӣ аз майдон берун шуд.
