LIVE

Лионел Месси- беҳтарин футболбози соли 2023 интихоб гардид

Нашрияи ESPN дар сомонаи расмии хеш оиди дорандагони ҷоизаи ҳарсолаи хеш таҳти номи ESPYS нашр карл. Беҳтарин футболбози соли 2023 ҳамлавари  «Интер Майами» Лионел Месси эътироф гардид.
Ҳамчунин Месси баҳри баромади беҳтарин дар  чемпионати ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар ҷоиза гирифт, ҷое, ки беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуд ва мунтахаби Аргентина қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Мессии 36-сола оиди гузариши хеш ба сафи «Интер Майами» оғози тобистони имсола эълон намуда буд. Дар мавсими қаблӣ бошад футболбози аргентинӣ дар сафи «ПСЖ»-и фаронсавӣ баромад кард, ки бо анҷоми мавсим дастаашро чун футболбози озод тарк намуд.
Дар сафи «ПСЖ» дар мавсими қаблӣ Месси 41 бозӣ гузаронида, 21 голу  20 партофти голӣ ба омор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив