Ноиб-президенти бошгоҳи «Севиля» Нидо Карраско ба суол оиди эҳтимолияти имзокунии шартнома бо дифоъгари испанӣ Серхио Рамос посух дод.
«Не, не. Имрӯз Серхио Рамос чун варианти эҳтимолӣ барои даъват ба тим ба ҳисоб намеравад. Ӯ бозигари олиест, ки дар академияи мо бузург шудааст, аммо имрӯз ӯ чун варианти имзокунии шартнома барои «Севиля» нест, — овардааст аз суханони Карраско AS.
Пештар хабар дода мешуд, ки Рамос метавонад идомаи маснади варзишӣ дар «Интер Майами» намояд, дар сафи тиме, ки ҳамлавари аргентинӣ Лионел Месси баромад мекунад.
Рамос дастпарвари «Севиля» буда, аз сафи ин тим ӯ соли 2005 ба «Реал» пайваста буд.
«ПСЖ» низ аз рафтани Рамос эълон намуд, дар тиме, ки ӯ аз соли 2021 майдондорӣ мекард. Дар мавсими қаблӣ испанӣ дар 45 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, чор голу як партофти голӣ ба омор гирифтааст.