LIVE

Фабрисио Романо: Мануэл Локателли бо «Ювентус» шартномаро то соли 2028 тамдид кард

Нимҳимоягар Мануэл Локателли шартномаи корияшро бо «Ювентус» то тобистони соли 2028 тамдид кард, иттилоъ медиҳад инсайдер Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоии Х (пештар Twitter).
«Ювентус» Локателлиро аз «Сассуоло» моҳи июли соли 2023 баъди иҷораи дусола (аз августи соли 2021-ум то  июни соли 2023-юм) харидорӣ кард. Арзиши гузариш 30 млн евроро ташкил дод. Мавсими ҷорӣ нимҳимоягари 25-сола 11 бозӣ гузаронида, як голу як партофти голӣ ба омор гирифтааст.
Дар умум дар сафи тими туринӣ итолиявӣ 103 бозӣ гузаронида, чор голу ҳашт партофти голӣ дар омор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив