Нимҳимоягари «Тоттенҳэм» Ҷеймс Мэддисон гуфт, ки чӣ сабаб шуд то ӯ тобистони қаблӣ гузариш ба тими лондониро интихоб кунад.
«Мо бо Постекоглу оиди оне зиёд сӯҳбат кардем, ки ман чӣ тавр ба консепсияи футболияш дуруст меоям, вале ниҳоят ӯ гуфт: «Эй, новобаста аз он, ки ту чӣ қароре мебарорӣ, ба ҳар ҳол Шумо дар мавсими дар пешистода «Тоттенҳэм»-и навро мебинед ». Маро он боварие, ки ӯ сухан кард, ба ваҷд овард!» — мерасонад суханони Мэддисонро журналист Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter).
Ёдрас мекунем, ки Мэддисон ба сафи «Тоттенҳэм» аз «Лестер» тобистони қаблӣ бар ивази 46,3 млн евро гузариш анҷом дода буд. Мавсими ҷорӣ нимҳимоягар 11 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, бо се голу панҷ паси голӣ аз майдон берун шудааст. Шартномаи бозигар бо тими лондонӣ то охири моҳи июни соли 2028 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt 70 млн евроро ташкил медиҳад.
Пештар оиди кор таҳти роҳбарии Постекоглу боз як футболбази дигари «Тоттенҳэм» — Деян Кулушевскис сухан карда буд.
