LIVE

Бозигари навбатии «Челси» ба Арабистони Саудӣ гузариш мекунад

Футболбози «Челси» Калиду Кулибали фурсатҳои наздик ба «Ал-Ҳилол» гузариш мекунад. Дар ин бора журналист Фабрисио Романо дар саҳифаи «твиттер»-аш хабар дод.
Тибқи маълумоти сарчашма бошгоҳи саудӣ аллакай бо «Челси» оиди гузариши дифоъгар ба мувофиқа расидааст ва аллакай дар мавриди шартҳои қарордоди шахсӣ кулли масъалаҳоро ҳаллу фасл намуд. Шартномаи футболбоз бо «Ал-Ҳилол» то тобистони соли 2026 мӯҳлат дошта, ҳуҷҷатҳои лозима баҳри гузариши мазкур фурсатҳои наздик имзо карда мешаванд.
Дар мавсими-2022/2023 Кулибали 23 бозӣ дар сафи «Челси» дар Премер-лига гузаронида, ду голу ду партофти голӣ ба омор гирифтааст.
Арзиши тахминии футболбоз аз рӯи маълумоти сомонаи Transfermarkt, –  25 млн евро мебошад. Бошгоҳи собиқи Кулибали «Наполи»-и итолиявӣ буд, дар сафи он бозигар дар масири ҳашт сол  — аз соли 2014 то соли 2022 ҳунарозмоӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив