LIVE

Расман: Кулибали ба дастаи "Челси" гузашт

Ҳимоятгари 31-солаи сенегалӣ Калиду Кулибали расман ба дастаи «Челси»-и Лондон пайваст.  Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳ хабар медиҳад.

Қайд карда мешавад, ки бо ин бозигар шартномаи чорсола ба имзо расид, ки интиқоли ӯ ба он далел аст, ки ду ҳимоятгари марказӣ Антонио Рюдигер ва Андреас Кристенсен якбора дастаро тарк карданд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки интиқоли Кулибали ба бошгоҳи шаҳри Лондон 40 миллион евро арзиш дорад ва маоши ӯ дар як мавсим 10 миллион евроро ташкил медиҳад.

Дар мавсими 2021/2022 футболбоз дар ҳайати "Наполи" дар тамоми мусобиқаҳо 37 бозӣ карда, ба задани 3 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив