LIVE

"Барселона" дар талоши соҳиб шудани ҳимоятгари "Севиля"

Ҳимоятгари «Севиля» Жюл Кунде дар рӯйхати номзадҳои «Барселона» қарор гирифт. Трансфери футболбоз дар тобистони соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора расонаҳои Испания навиштаанд.

Каталониҳо медонанд, ки футболбоз нақшаи тарки "Севиля"-ро дорад ва омодаанд ба ҳимоятгар шартнома пешниҳод кунанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба Жюл Кунде дастаи «Челси»-и Лондон таваҷҷуҳ дорад. Кунде ҳамчун ҷойгузини Антонио Рюдигер дониста пешавад.

Жюл Кунде дар мавсими имсола дар ҳайати дастаи худ дар тамоми мусобиқаҳо 43 бозӣ анҷом додааст. Ҳимоятгар ба задани се гол ва як ассист даст ёфтааст. Шартномаи кунунии футболбози 23-солаи фаронсавӣ бо бошгоҳ тобистони соли 2024 ба охир мерасад. Трансфери футболбоз 60 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив