LIVE

Гузариши Эден Азар ба “Нюкасл” наздик аст

Ҳамлавари “Реал” - Эден Азар дар нақшаи  трансфери  зимистонаи  “Нюкасл Юнайтед” шомил шудааст. 
Ба иттилои манбаъ, «Реал» нақша дорад, ки ҳарчи зудтар аз Азар халос шавад. Мадридиҳо ба ҳар гуна музокира омодаанд. "Нюкасл" метавонад бо ин футболбози белгиягӣ шартнома бандад. 
"Реал" нақша дорад, ки дар тобистон аз бозигар халос шавад, аммо агар клуби инглисӣ дар зимистон маблағи назаррас пешниҳод созад, “Бошгоҳи шоҳона” ҳатман ин пешниҳодро баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин қайд карда мешавад, ки Азар ҳоло ба далели ҷароҳатҳои доимӣ ва бозиҳои бетаъсираш дар бошгоҳ нақши дуввумдараҷа дорад.
Ёдовар мешавем, ки Азар аз “Челси” ба “Реал Мадрид” гузариш намуда буд. Қаблан расонаҳои бритониёӣ хабар дода буданд, ки лондониҳо ба бозгашти футболбоз таваҷҷӯҳ доранд. Дар мавсими ҷорӣ футболбози Белгия дар ҳайати бошгоҳи мадридӣ 10 бозӣ анҷом дода, гол назадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив