LIVE

Мушкилоти ”- Эден Азар дар “Реал” дучанд мешавад

Барқарорсозии ҳамлагари “Реал”-  Эден Азар пас аз осеби мушакҳои рони чапаш дуру дароз идома мекунад. Футболбози мазкур дар толори варзиш инфиродӣ тамрин мекунад. Дар аввал тасмим гирифта шуда буд, ки барқароршавии ҳамлагари белгиягӣ пас аз осеби мушакҳо тақрибан як моҳ тӯл мекашад, аммо ҳоло маълум шуд, ки бозгашти Азар ба майдон ба муддати номуайян мавқуф гузошта мешавад, зеро бозигар вазъи саломатии худро тибқи нақша барқарор карда наметавонад. Духтурони клуби шоҳона пешгӯӣ карда буданд, ки то аввали баҳор Азар метавонад ба тамринҳои гурӯҳӣ ҷалб шавад. Дар мавсими солҳои 2020/2021, Азар дар чемпионати Испания дар ҳайати “Реал Мадрид” 8 бозӣ гузаронида, 2 гол зада, 1 партофти головар анҷом додааст. Transfermarkt арзиши плеерро 50 миллион евро ҳисоб мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив