LIVE

“Манчестер Юнайтед” хостори рафтани Марсиял аст

Соҳибмулкони “Манчестер Юнайтед” ба футболбози фаронсавии худ Энтони Марсиял хабар доданд, ки онҳо дар оянда дигар ба ӯ умед надоранд. Дар ин бора Eurosport хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, “Девҳои сурх” пешниҳод карданд, ки агентҳои футболбоз барои ӯ як дастаи нав пайдо кунанд. Ҳамзамон, "Манчестер Юнайтед" ният дорад, ки барои ҳамлагари 25-сола на камтар аз 40 миллион евро маблағ ба даст орад. Хабар дода мешавад, ки худи ҳамлагари фаронсавӣ мехоҳад фаъолияташро дар Англия идома диҳад.
Марсиял соли 2015 ба “Манчестер Юнайтед” пайваст. Вай қаблан дар дастаҳои “Монако” ва “Лион” бозӣ кардааст. Портали Transfermarkt ин футболбозро 45 миллион евро арзёбӣ мекунад. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳ то охири июни 2024 ба инобат гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив