LIVE

Варан аз “Реал Мадрид” меравад

Роҳбарияти “Реал Мадрид” дар мавриди тамдиди шартномаи ҳимоятгари 27-солаи фаронсавӣ Рафаэл Варан ба мувофиқа расида наметавонад. Football Espana бо такия ба сомонаи Marca хабар медиҳад. Варан дар қисмати муҳофизати “Реал” нақши калидӣ дорад, аммо роҳбарони “Реал Мадрид” музокиротро барои шартномаи нав бо футболбоз кашол медиҳанд.  Хотиррасон мекунем, ки созишнома дар охири мавсими солҳои  2021/2022 ба охир мерасад.  Тибқи иттилои манбаъ, агар кор дар ин самт беҳтар карда нашавад, пас тобистони соли оянда "Реал" кӯшиш хоҳад кард, ки муҳофизатгарро фурӯшад. Довталабони асосӣ “Пари Сен-Жермен” ва “Манчестер Юнайтед” мебошанд. Қайд карда мешавад, ки “Реал Мадрид” интизор дорад, ки барои ин футболбоз 71 миллион евро ба даст орад, аммо пешниҳодҳо барои ӯ аз 50 миллион евро сар мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив