LIVE

Футболбози «Реал» ба «Севиля» мегузарад

Нимҳимоятгари 29-солаи "Реал Мадрид" Иско метавонад ба "Севиля" гузарад, хабар медиҳад Sport.es.
Ба иттилои манбаъ, «Севиля» мехоҳад Искоро тобистон ба сифати агенти озод бозикуни худ созад. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи шоҳона дар охири мавсими ҷорӣ ба охир мерасад. Бо ин футболбоз шахсан сармураббии «Севиля»  Хулен Лопетеги таваҷҷӯҳ дорад. Қайд карда мешавад, ки Иско аллакай барои гузаштан ба «Севиля» розӣ шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки Иско соли 2013 аз “Малага” ба “Реал Мадрид” гузашта буд. Дар мавсими имсола футболбоз дар 11 бозии чемпионати Испания ширкат карда, як гол задааст.
Дар ҳайати “Реал Мадрид” Иско соҳиби ҷойзаҳои зиёд шудааст, ки онҳо қаҳрамони Испания (мавсими 2016/2017, 2019/2020).
Ғолиби Лигаи Чемпионҳо (мавсими 2013/2014, 2015/2016, 2016/2017, 2017/2018).
Ғолиби чемпионати ҷаҳони клубҳо мебошад. (2014, 2016, 2017, 2018).
Барандаи Ҷоми Испания (мавсими 2013/2014) ва Суперҷоми Испания (2017, 2019/2020, 2021/2022), Суперҷоми УЕФА (2014/2015/ 2017, 2017/2018).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив