LIVE

«Реал» бо Зидан чандумин ҷоизаашро ба даст овард?

«Реал» таҳти роҳбарии мутахассиси 48 солаи фаронсавӣ - Зинедин Зидан 11-умин ҷоизаи худро ба даст овард. Дар ин бора Show Sport иттилоъ дод.
Зидан бо «Реал» бори дуюм аст, ки ғолиби Ла Лига, Суперҷоми УЕФА ва Суперҷоми Испания, ҳамчунин қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳо ва се маротиба барандаи Лигаи чемпионҳо мегардад. Дар маҷмуъ ин мураббӣ 11 ҷоиза ба даст овардааст, ки нишондоди беҳтарин дар таърихи сармураббиёни бошгоҳи шоҳона маҳсуб мешавад. Мақоми дуюмро бо 8 ҷоиза Мигел Мунйос, ки «Реал»-ро аз соли 1959 то 1974 роҳбарӣ кардааст, ишғол мекунад. 
Ёдовар мешавем, ки «Реал» бори 34-ум чемпиони Испания гардид. Мадридиҳои сафедпӯш сар аз мавсими солҳои 2016/2017 бори аввал аст, ки қаҳрамони Ла Лига мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив