LIVE

Беҳтарин бозигар дар таърихи «Реал» аз нигоҳи Касиляс

Собиқ дарвозабони «Реал» - Икер Касиляс ду бозигари бошгоҳи шоҳонаро номбар кард, ки аз нигоҳи ӯ беҳтарин футболбоз дар таърихи даста маҳсуб мешавад.  
«Се футболбози беҳтарини клубро номбар кунед? Дар мавриди се нафар намедонам, аммо ду нафарро номбар карда метавонам. Инҳо Алфредо ди Стефано ва Криштиану Роналду», иқрор шуд Касиляс.
Касиляс аз соли 1998 то 2015 бозигари «Реал» буда, 5 маротиба чемпиони Испания гардида, ҳамчунин се маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо гаштааст. 
Ди Стефано дар «Реал» аз соли 1953 то 1964 бозӣ кардааст. Ӯ бо пироҳани мадридиҳо 18 ҷоиза ба даст овардааст, ки аз он 8 маротиба ғолиби чемпиони Испания ва 5 маротиба барандаи Ҷоми чемпионҳои Аврупо шудааст. Ди Стефано дар 396 бозӣ 308 гол задааст. 
Роналду бошад, дар ҳайати бошгоҳи мадридӣ аз соли 2009 то 2018 бозӣ кардааст.  Ӯ дар 438 бозӣ ба задани 450 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив