LIVE

Бошгоҳи "Барселона" 120 сола шуд!!!

Имрӯз дар таърих:
Расо 120 сол муқаддам, дар ҳамин рӯз, 29 ноябри соли 1899, гурӯҳи футболбозони швейтсарӣ, британӣ, испанӣ ва каталонӣ бо роҳбарии Жоан Гампер бошгоҳеро таъсис доданд, ки минбаъд яке аз бошгоҳҳои сермухлистарини олам гардид. Ин бошгоҳ, бо шаҳри ҳамномаш, "Барселона" номгузорӣ карда шуд. Ин бошгоҳ, ҳамзамон символи Каталония гардида, бо шиори "Més que un club" — «Аз бошгоҳ ҳам зиёдтар» маъруф аст! "Барселона" дар таърихи  футболи Испания, серҷоизатарин бошгоҳ буда, 71 ҷому ҷоизаҳоро ба даст овардааст. Аз он ҷумла, 26 маротиба қаҳрамони Испания, 30 маротиба қаҳрамони Ҷоми Испания, 13 маротиба қаҳрамони Суперҷоми Испания ва 2 маротиба қаҳрамони лигаи испаниро ба даст овардааст. Дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ низ, "Барселона" яке аз пештозон буда, 20 ҷому ҷоизаи байналмиллалиро соҳиб гаштааст, ки аз онҳо, 5 маротиба Ҷоми Лигаи чемпионҳои Аврупо, 4 маротибаи рекордӣ Ҷоми соҳибҷомони УЕФА, 3 Ҷоми ярмаркаҳо (мусобиқаи байналмиллалии аврупоӣ оид ба футбол байни бошгоҳҳо, ки аз соли 1955 то 1971 гузаронида шудааст), 5 Суперҷоми Аврупо ва 3 маротибаи дигар қаҳрамони чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳо мебошанд. Дар қатори ин, "Барселона" яке аз дастаест (бо "Реал Мадрид" ва "Атлетик Билбао"), ки то кунун ягон маротиба аз чемпионати Испания наафтидааст. Ҳамзамон яке аз 4 бошгоҳи бойтарини олам мебошад, ки дороияш зиёда аз 4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Майдони  Камп-ноу аз соли 1957 инҷониб майдони хонагии "Барселона"маҳсуб мешавад.
Ба ҳама мухлисони тоҷикии ин бошгоҳ, ин санаро муборак мегӯем!!!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив