LIVE

"Леванте" дар майдонаш боз "Барселона"-ро шикаст дод

Дастаи "Барселона", садрнишини ҷадвали мусобиқаи Ла Лига ба бохти сеюми худ дар ин мавсим рӯ ба рӯ шуд. Дар даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания намондагони Каталония аз дастаи  “Леванте” бо ҳисоби 3:1 ба бохт мувоҷеҳ гардиданд. Ба голи задаи Леонел Месси (дақ 38) мизбонон се дафъа тавассуити Хосе Кампания (61), Борха Мойорал (63) ва Немания Радоя (68) ҷавоб гуфтанд. Ин бори аввал нест, ки “Леванте” “Барселона”-ро дар варзишгоҳи "Сюдад де Валенсия" шикаст медиҳад. Охирин маротиба футболбозони ин даста дар доираи мусобиқаи Ҷоми Испания моҳи январ "Бароселона"-ро мағлуб карда буданд. Аз ин пеш дар мавсими 2017-18 ғалаба бо натиҷаи 5:4 ба фоидаи "Леванте" рақам хӯрда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив