LIVE

Натиҷаи бозиҳои даври 4-уми Ла Лига

Рақобати марказии даври 4-уми Ла Лигаи Испания ин бозӣ байни тимҳои “Барселона” ва “Валенсия” ба шумор мерафт. Як рӯз қабл пеш аз бозии мазкур роҳбарияти “Валенсия” сармураббии дастаро аз вазифааш сабукдӯш намуда буд, ки ин таъсири худро ба бозӣ гузошт. Пеш аз рақобат ҳамагон мегуфтанд, ки бидуни Месси “нилунориҳо” ба мушкилӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, аммо баракс. Дар “Барселона” ситораи нави 16 солае бо исми Ансу Фати пайдо шудааст, ки ҳамагонро ба ҳайрат овардааст. Ҷароҳати Месси, Суарес ва Дембеле боис шуд, ки Ансу Фати давраи ҳукумронии худро оғоз кунад. Фатии 16 сола ҳанӯз дар дақиқаи 2-юми бозӣ бо голи зебояш 90 ҳазор мухлиси “Камп Ноу”-ро ба пой хезонд. Дар ин майдондорӣ каталониҳо бо ҳисоби бузурги 5:2 пирӯз шуданд, ки голҳои ғолибонро Суарес (ду гол), Пике, Ансу Фати ва Френки де Йонг муаллифӣ намуданд. Дар ин рақобат Ансу ҳам муаллифӣ гол шуд ва ҳам муаллифӣ партофти головар. Хулоса баъди ин вохӯрӣ кӯли сомонаҳои варзишии ҷаҳон дар бораи Месси нави “Барселона” менавистанд. Дар ҳақиқат ҳам Фатии наврас ғунчаи навшукуфтаи “Барселона” буда, бо бозиҳои муҷаллояш муддатҳои зиёд дар “Барселона” хизмат мекунад. Дар бозии дигари даври мазкур “гаразмониҳо” бо як машақати зиёд дастаи “Леванте”-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд.
Чемпионати Испания.

Даври 4-ум

«Барселона» — «Валенсия» — 5:2 (2:1)
Голҳо: Фати, 2 (1:0). де Йонг, 7 (2:0). Гамейро, 27 (2:1). Пике, 51 (3:1). Суарес, 61 (4:1). Суарес, 82 (5:1). Гомес, 90+2 (5:2).

«Реал Сосйедад» — «Атлетико» — 2:0 (0:0)

Голҳо: Эдегор, 58 (1:0). Монреал, 61 (2:0).

«Леганес» — «Вилярреал» — 0:3 (0:2)
Голҳо: Морено, 26 (0:1). Силва, 39 — (худгол) (0:2). Морено, 90+3 (0:3).

«Реал» — «Леванте» — 3:2 (3:0)
Голҳо: Бензема, 25 (1:0). Бензема, 31 (2:0). Каземиру, 40 (3:0). Майорал, 49 (3:1). Мелеро, 75 (3:2).

«Селта» — «Гранада» — 0:2 (0:1)
Голҳо: Санчес, 45+6 (0:1). Эррера, 54 (0:2).

«Бетис» — «Хетафе» — 1:1 (0:1)
Голҳо: Хайме Мата, 15 — пеналти (0:1). Хоакин, 73 — пеналти (1:1).

«Валядолид» — «Осасуна» — 1:1 (0:0)
Голҳо: Эрвиас, 65 (1:0). Ибанес, 81 (1:1).

«Алавес» — «Севиля» — 0:1 (0:1)
Гол: Хоан Хордан, 37.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив