LIVE

Пирӯзии Реал ва нахустин бозии Азар

Дастаи "Реал" дар бозии даври 4-уми чемпионати Испания дар майдони худ бозии мушкилро муқобили "Леванте" доир кард. Ин вохӯрӣ бо ғалабаи 3:2 ба нафъи дастаи  Зениддин Зидан поён ёфт. Ҳамлагари мизбонон Карим Бензема дар дақиқаҳои 25 ва 31 ду дафъа муаллифи гол шуда, ниммуҳофизатгар Каземиро дар дақиқаи 40-уми дидор муаллифи тӯби сеюм шуд. Футболбозони меҳмон дар қисми дуюми вохӯрӣ тавассути Борха Майорал (49) ва Гонсало Мелеро (75) ду тӯб ба ҳадаф расониданд. Дастаи "Реал" бо ин ғалабааш то рақобати дастаҳои дигар ба мақоми дуюми ҷадвал баромада, "Леванте" аз ҷойи чаҳорум ба мақоми панҷум рафт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив