LIVE

Ғалабаи дуюми наврасони мамлакат дар чемпионати CAFA-2019

Даври сеюми вохӯриҳо дар чемпионати CAFA-2019 бо пирӯзии наврасони 16 солаи Тоҷикистон оғоз шуд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев ҳамсолони худ аз Туркманистонро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст доданд. Дар ин рақобат Сунатулло Азизов (59), Муҳаммадворис Сайдалиев (67) ва Хусрав Тоҳиров (70+4) муаллифи голҳо шуданд. Ин ғалабаи дуюми футболбозони навраси тоҷик дар чемпионати CAFA-2019 ба ҳисоб меравад. Қаблан дастаи наврасони мо бозиҳоро бо дастаҳои Ӯзбекистон (1:1) ва Қирғизистон (2:0) анҷом дода буданд. Вохӯрии дигар миёни дастаҳои наврасону Қирғизистон бо ғалабаи Ӯзбекистон 2:3 ба анҷом расид. Баъди дидори дуюми гуруҳ, ки Афғонистон бо ҳисоби 1:0 Эронро шикаст дод, дастаи наврасони мо бо касби 7 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. 
Баъд аз анҷоми бозиҳои даври сеюм дастаи наврасони мо дар гуруҳ ба мақоми аввал баромад. Ҳоло дастпарварони Аҳлиддин Тӯрдиев бо афзалияти шумораи голҳои задашуда нисбат ба Афғонистон дар ҷойи аввал меистанд. 


Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқа: 

30 - юми июл 

Эрон - ТОҶИКИСТОН 18:00
АФҒОНИСТОН - ӮЗБЕКИСТОН 18:00
ТУРКМАНИСТОН - ҚИРҒИЗИСТОН 20:30

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив