LIVE

Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2019

Аз 26 июл то 1 августи соли равон дар Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 16-сола баргузор мешавад. Чемпионат аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019 (U-16) мебошанд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд. Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои мунтахаби наврасони мо як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад. Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои наврасон (U-16)
1-ум давр
26 июл (ҷумъа)
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Эрон
Афғонистон – Туркманистон
2-юм давр
27 июл (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Афғонистон – Қирғизистон
Ӯзбекистон – Эрон
3-юм давр
29 июл (душанбе)
Туркманистон – Ӯзбекистон
Эрон – Афғонистон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
4-ум давр
30 июл (сешанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Афғонистон – Ӯзбекистон
5-ум давр
1 август (панҷшанбе)
Туркманистон – Эрон
Ӯзбекистон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив