LIVE

Тоҷикистон мусобиқаи CAFA U-16-ро бо мусовӣ оғоз кард


    Мунтахаби наврасони то 16 солаи мамлакат дар даври 1-уми Чемпионати CAFA U-16 бо мунтахаби Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввал ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба самар расонид. Аз ҳайати мунтахаби мо бошад дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.
 Бозии ояндаи худро наврасони Тоҷикистон санаи 27-уми июл бо Қирғизистон доир мекунад, мунтахаби Ӯзбекистон бошад, бо Эрон дидор анҷом хоҳад дод. 

Чемпионати CAFA -2019 U-16 

Даври1-ум 

Ӯзбекистон - Тоҷикистон 1:1 
Турманикстон - Эрон 1:3 
Афғонистон - Қирғизистон 2:2 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив