LIVE

Мусобиқаи CAFA-2019 имрӯз шуруъ мешавад

Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) миёни футболбозони 16 сола имрӯз шуруъ мешавад. Дар ин мусобиқа 6 дастаи узви ин созмон ширкат карда, барои медалҳои мусобиқа талош менамоянд. Ин мусобиқа баъди таъсиси Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ, ки ба 10-уми июни соли 2014 рост меояд, ҳамасола баргузор карда мешавад. ИФОМ (CAFA) дар давоми панҷ соли фаъолият як қатор мусобиқаҳоро миёни кишварҳои узв баргузор намудааст. Яке аз онҳо чемпионати CAFA миёни футболбозони 16 сола аст, ки маротибаи сеюм доир карда мешавад. Қаблан дар ин мусобиқа дастаҳои наврасони Афғонистон U-15 (2017) ва Эрон U-15 (2018) пирӯзӣ ба даст овардаанд. Маротибаи дуюм мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонии ин мусобиқаро дар ҳамин сину сол қабул менамояд. Имсол рақобатҳо миёни футболбозони 16 сола ба нақша гирифта шудааст, ки барои ҳаммаи дастаҳои аъзо марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 дониста мешавад.
    Бегоҳии имрӯз мусобиқа бо бозии дастаҳои Афғонистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив