LIVE

Туркия мунтахаби Тоҷикистонро имтиҳон мекунад

Тими мунтахаби наврасони то  17 солаи Тоҷикистон  оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019  бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 31 — умин  мусобиқаи байналмилалӣ, ки  ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин аз  4 то 14 июни соли равон  дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир мегардад, иштирок мекунад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби наврасони  Юнон, Қирғизистон ва Туркия бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон  аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи мунтахаби наврасони  Юнон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи мунтахаби  наврасони  Қирғизистон ва 10 июн бо дастаи мунтахаби наврасони Туркия  рақобат мекунанд. Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтарини  ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар  бошад, барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки  дастаи мунтахаби наврасони   Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар  Чемпионати Осиё, ки  7 –уми октябри соли 2018  дар Малайзия баргузор гардида буд, медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шуда буданд. Дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон миёни 45 дастаи қораи Осиё бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ва Осиё тавонистанд, ки ба вохӯрии финалӣ роҳхат гирифта, саҳфаи корномаи варзишии  ҷумҳуриро рангин намоянд. Ба замми ин, баъди ин муваффақият маротибаи дуввум футболбозони мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон, ки имсол дар Бразилия доир мегардад, иштирок менамоянд.

Мусобиқа ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин -2019
Гурӯҳи «А»: Булғория, Молдова, Россия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «В»:Юнон, ТОҶИКИСТОН, Туркия, Қирғизистон.
Гурӯҳи «С»: Аргентина, Арманистон, Россия-2, Эрон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив