LIVE

Марчелло Липпи мунтахаби Чинро бар зидди Тоҷикистон омода мекунад

Мутахассиси шинохтаи итолиёвӣ - Марчелло Липпи маротибаи дуюм сармураббии мунтахаби Чин эълон шуд, хабар медиҳад, Хадамоти матбуоти ассотсиатсияи футболи Чин. Липпи 71 сола дар ин мақом ҳамватани худ Фабио Каннаваро иваз намуд. Бояд гуфт, ки Марчелло Липпи то моҳи январ вазифаи сармурабигии Чинро ба уҳда дошт. Муҳлати қарордоди қамкорӣ байни мунтахаб ва коршинос возеҳ нест. Мақсади асосии Марчелло Липпи роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2022-ро бо яккачини Чин ба даст овардан аст. Ёдовар мешавем, ки санаи 11-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо Чин дидори дӯстона анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив