LIVE

Мунтахаби наврасон бозиҳои рафиқона анҷом медиҳад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ - Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ҷамъомадҳои таълюмӣ-тамринӣ баргузор менамояд. Дар Қазоқистон мунтахаби мо бо ҳамтоёни алматоии худ, ду бозии санҷишӣ баргузор мекунанд. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 29-ум ва 31-уми моҳи май баргузор мешаванд. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шомили гурӯҳи “А” буда, бо яккачинҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувейт майдондорӣ мекунад. Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” аз 14-ум то 22-юми сентябр дар кишвари Урдун доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив