LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бар зидди Чин муайян шуд

Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон - Усмон Тошев ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона бар зидди яккачинҳои Афғонистон (7 июн, Душанбе ва Чин (11 июн Гуанчжоу) эълон кард. Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи шанбе 1-уми июн дар Душанбе ҷамъ омада, ба тамринҳо шуруъ мекунад.

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизстон), Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Дифоъгарон: Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), Зоир Ҷурабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама - «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Ахмедов (ҳарду - «Хуҷанд), Алишер Баротов («Хатлон»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Болгария), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷурабоев, Муҳаммаҷон Раҳимов (ҳама - «Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, Отабек Каримов (ҳарду - «Истаравшан»);

Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев (ҳама - «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив