LIVE

Ташрифи сармураббии «Арсенал» ба Тоҷикистон

Дар деҳаи зебоманзари дараи Алмосии шаҳри Ҳисор мусобиқаи футбол миёни дастаҳои кӯдакона бахшида ба хотираи собиқ футболбози дастаи ”Помир”-и Душанбе ва устоди варзиши иттиҳоди Шуравӣ - Геннадий Черевченко оғоз гардид. Игор Черевченко дастпарвари футболи тоҷик ва фарзанди собиқ футболбози маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко буда, ҳамасола маҳз бо дастгирии ин фидои футбол, ки  феълан сармураббии бошгоҳи “Арсенал”-и шаҳри Туллаи Федератсияи Россия  мебошад, мусобиқа баргузор карда мешавад.  Дар мусобиқаи  барои поси  хотираи Геннадий Черевченко панҷ тими футболи наврасон аз тамоми манотиқи кишвар ва як тим аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доранд. Игор Черевченко гарчанде солҳост, ки дар Россия  кору зиндагӣ мекунад, аммо ҳамеша худро тоҷику Тоҷикистонро Ватани аслии худ медонад. Дар маросими кушодавии мусобиқа кормандони Федератсияи футболи кишвар, дӯстдону пайвандон ва ҳампешагони  Геннадий Черевченко иштирок намуда, аз фаъолияти варзишии пурмаҳсули ӯ ба футболбозони оянда қисаҳо карданд. Имсол як тими футбол аз Ҷумҳурии ҳамосяи Ӯзбекистон иштирок дорад.  Мусобиқа барои поси хотираи собиқ футболбози маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе Генадий Черевченко анъанавӣ буда, он дар майдонҳои Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон,  ҳамасола дар барорбари бозгашти фарзандаш Игор Черевченко ба зодгоҳаш гузаронида мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив