LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин даста дар CAFA U-16

Дар рузи дуюми рақобатҳои CAFA U-16 мунтахабҳои ҷавонони то 16 солаи Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат карданд.  Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 2-0 ба анҷом расид. Голҳоро дар ин дидор аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Мучовид Шовайсидинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев ба номи хеш муҳр заданд. Мунтахаби Тоҷикистон пас аз ин ғалаба бо касби 4 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали CAFA U-16  қарор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив