LIVE

Реал аз тарафи ҳарифи азалиаш торумор шуд


Дар доираи мусобиқаи байналмилии Ҷоми чемпионҳо 2019 дар шатати Ню Ҷерсии ИМА бозии навбатӣ байни дастаҳои "Реал" ва "Атлетико" сурат гирифт. Ин бозиҳо, ки як марҳилаи омодагии дастаҳои иштирокчиро нишон медиҳад бо пирӯзии калони шогирдони Диего Симеоне бо ҳисоби 7:3 ҷамъбаст шуд. Ҳамлагар Диего Коста дар ин рақобат муаллифи 4 гол шуда, се тӯби дигарро Жоау Фелиш, Анжел Корреа ва Витоло ба самар расониданд. Се голи бозингарони "Реал" танҳо дар қисми дуюм ба қайд гирифта шуд, ки муаллифи онҳо Начо, Карим Бензема ва Адриан де ла Фуэнта шуданд. Ҳамин тавр марҳилаи омодагӣ барои "Реал" дар ин мусобиқа ҷамъбаст шуда, "Атлетико" дар охир санаи 10-уми август бо "Ювентус" дидор анҷом медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив