LIVE

Костаро дар ватани аслаш интизоранд

Бошгоҳи “Фламенго” нияти харидории Диего Костаро дорад. Чӣ тавре ки нашрияи ESPN хабар медиҳад, бошгоҳи бразилӣ барои даъвати ҳамлавари испанӣ омодааст, ки 13 млн евро пардохт намояд. Дар мавсими гузашта Коста дар 16 бозии Ла Лигаи Испания ба задани ду гол даст ёфт. Диего Коста зимистони соли 2018 аз дастаи “Челси” бо маблағи 66 млн евро ба “Атлетико Мадрид” гузашта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив