LIVE

Бавария аз дастаи панҷуми Англия шикаст хӯрд

Дар шаҳрҳои ИМА мусобиқаи байналмилалии Ҷоми чемпионҳо-2019, ки барои омодагиҳои пеш аз мавсимӣ барои бисёре аз дастаҳост идома дорад. Дар бозии навбатии мусобиқа, қаҳрамонии феълии Олмон "Бавария" бо тими "Арсенал" рақобат кард. Ҳарчанд натиҷаи ин бозӣ барои дастаҳо ягон аҳамияте надорад, аммо ғолиб дар анҷом муайян шуд. Шогирдони Унайи Эмерӣ бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд. Голҳоро Познанский (авт.49), Нкетиа (88) ва аз "Бавария" Левандовский (71) ба самар расониданд. Дар бозии навбатӣ "Арсенал" бо "Фиорентина" ва "Бавария" бо "Реал Мадрид" рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии дастаҳо 20-уми июл сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив