LIVE

Хубони футбол (Футболи бонувон. Қисми 4)

Чаҳор дастаи беҳтарини футболи бонувон, ки баҳри дарёфти роҳхати бозии финалӣ мубориза хоҳанд бурд, инҳоянд. Мунтахабҳои занонаи ИМА, Англия, Шветсия ва Нидерландҳо. 
То ба ин марҳила расидан чаҳор дастаи беҳтарини занонаи олам борҳо собит намуданд, ки баҳри фатҳи қуллаҳои баландтарини зафар омодаанд.  Яке аз мунтахабҳои қавии ин мусобиқот дастаи занонаи Англия ба ҳисоб меравад. Гулдухтарони ватани футбол соли 2015 зинаи сеюмро касб намуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи онҳост. Мунтахаби занонаи Норвегия бошад, ҳатто як маротиба Ҷоми ҷаҳонро болои сар бардоштааст, ки ба соли 1995 рост меояд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ин ду дастаи аврупоӣ ба арсаи рақобат ворид гардиданд.
Мизбони Ҷоми ҷаҳон, мунтахаби занонаи Фаронса, яке аз дастаҳои пурбаҳои ин мусобиқа маҳсуб мешуд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ ин даста дар рақобати бисёр  шадид бар мунтахаби  занонаи Бразилия дастболо гардид. Дар 90 дақиқаи аввали бозӣ ғолиб муайян нагашт. Бозӣ дар вақти изофӣ идома ёфт ва танҳо дар дақиқаи 107-уми дидор  бо голи задаи бозигари дастаи занонаи Лион, Амандине Ҳанри фаронсавиҳо пирӯзияшонро таъмин намуданд. Дар марҳилаи чаҳорякниҳи хубони футболи Фаронса  муқобили дастаи қавитарини занонаи олам, қаҳрамони феълии ҷаҳон, мунтахаби ИМА  ба арсаи рақобат ворид гардиданд. 
Мунтахаби занонаи Нидерландҳо  бори дуюм дар Ҷоми ҷаҳон иштирок  мекунад. Соли 2015 гулдухтарони ҳолландӣ  дар даври ҳаштякниҳоӣ аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 2-1 мағлуб гардида, аз идомаи роҳи мубориза бенасиб шуданд.  Имсол Нидерландҳо ин марҳиларо аллакай паси сар намуд. Аҷибаш он ҳаст, ки дастаи занонаи Нидерландҳо ниқорситонӣ карду  дар даври ҳаштякниҳоӣ  маҳз бар Ҷопон зафар ёфт.  Рақиби даври чаҳоряниҳоии Нидерландҳо дастаи занонаи Италия гардид, ки дар ҷомҳои ҷаҳони қаблӣ ин марҳиларо паси сар гузоштан наметавонист. 
Дастаи занонаи Олмон то марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҳатто як голро ҳам ба дарвозааш сар надод. Дар гурӯҳи В, ки дастаи занонаи Олмон шомили он буд 3 бозии худро бо дастаҳои Испания, Хитой ва Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби умумии 6-0 ба итмом расонд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ бошад  хубони футболи Олмон бар Нигерия бо ҳисоби 3-0 ғолиб дастболо гардида, роҳашонро ба даври навбатӣ рушан сохтанд. Баҳри ба даст овардани роҳхтаи даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳон дастаи занонаи Олмон муқобили гулдухтарони Шветсия андари майдони рақобат шуданд.
Дар даври нимниҳоӣ мухлисонро сабқатҳои ҷолибтарин мунтазиранд. Дар бози нахустини нимфиналӣ мунтахабҳои занонаи Англия ва ИМА майдондорӣ хоҳанд кард. Дар бозии дигар бошад дастаҳои Нидерландҳо ва Шветсия майдондорӣ хоҳнад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив