LIVE

Футболи бонувон (қисми 2) Натоиҷи бозиҳои дуюми Ҷоми ҷаҳон - 2019 (бонувон)

8-умин чемпионати ҷаҳон байни занон оид ба футбол  дар кишвари Фаронса  ҷараён дорад.  24 мунтахаби занона  муборизаро баҳри қаҳрамонӣ  идома дода истодаанд. 
Давоми як ҳафтаи охир бозиҳои марҳилаи дуюми рақобатҳои гурӯҳӣ ҷараён доштанд. Шуморо бо натоиҷи бозиҳои дуюми даври гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2019 байни бонувон шинос мекунем. 
Дар гурӯҳи  А, ки  дастаҳои  Фаронса , Норвегия,  Нигерия ва  Кореяи Ҷанубӣ шомиланд бозиҳои зерин баргузор шуданд. Мизбони  мусобиқот Фаронса бо Норвегия бозӣ намуд. Кореяи Ҷанубӣ, ки дар бозии аввал бо ҳисоби калон шикаст хурд, бо Нигерия майдондорӣ кард. 
Баъд аз бозиҳои дуюми даври гурӯҳӣ  тағйирот дар ҷадвал дида намешавад. Фаронса бо касби шаш хол дар зинаи якум боқӣ монд. Мунтахабҳои занонаи Нигерия ва Норвегия 3 имтиёзӣ доранд, аммо бо нишондоҳои иловагӣ Норвегия пешсаф буда, зинаи дуввумро ба худ ихтисос дод. Нигерия дар мавқеи сеюм ва Кореяи ҷанубӣ бо 2 мағлубият дар зинаи охирин боқӣ монд.
 Дар гурӯҳи  Б яке аз ҷолибтарин бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ паси сар гардид. Гап атрофи рақобати  ду мунтахаби занонаи қавӣ, Олмон ва Испания меравад. Як бозии дигари ин гурӯҳ бозии дастаҳои Африқои Ҷанубӣ ва Чин ба ҳисоб мерафт. 
Пас аз  бозиҳои дуюм  ҷадвали ин гурӯҳи  Б чунин аст:
Олмон бо шаш хол дар зинаи якум қарор гирифт. Испания ва Чин 3 имтиёзӣ дошта, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва саввум қарор гирифтанд. Африқоӣ ҷанубӣ бошад дар зинаи чаҳорум мавқеъ касб кард. 
Дар гурӯҳи С итолиёвиҳо бар дигарон бартарӣ пайдо намуданд. Ду бозиро схубони футболи Италия бо ғалаба анҷом доданд. Дар бозии дуюми гурӯҳӣ мунтахаби занонаи Италия бо Ямайка қувва озмуд. Бразилия бошад бо Австралия майдондорӣ кард. 
Ҷадвали гурӯҳи С  баъд аз  анҷоми даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ чунин аст. Италия  садрнишини гурӯҳ бо 6 хол буда, дастаи занонаи Бразилия бо 3 хол зинаи дуюмро моли худ намуд. Австралия ва Ямайка дар ду зинаи баъдӣ қарор гирифтанд.  
Дар гурӯҳи D  гулдухтарони англис ба ҳеҷ дастаи дигаре имконияте надода истодаанд. Ду бозӣ ва ду ғалаба насиби футболбозони англис гардид. Рақиби онҳо дар марҳилаи дуввум дастаи Аргентина буд. Рақобати дигари гурӯҳи D бозии дастаҳои Ҷопон ва Шотландия буд.   
 Бо анҷом ёфтани  даври дуюми рақобатҳои гурӯҳӣ   Англия 6 хол касб намуда, дар зинаи аввал боқӣ монд. Ҷопон бошад зинаи дуюмро ба  ихтисос дод. Аргентина ва Шотландия ҳам ба фарқ аз пештара мавқеи худро дар ҷадвал тағйир надоданд.
 Дастаҳои  Гурӯҳи Е ҳам бо рақобатҳои ҷолиб ва дидании худ дили ҳазорон мухлисро шоду масрур намуданд. Ду дастаи қавии гурӯҳ, қаҳрамони феълии Аврупо, дастаи занонаи Нидерландҳо ва мунтахаби Канада муддаиёни асосии гурӯҳ ба ҳисоб мераванд. Рақобати асосии онҳо баҳри дарёфти зинаи аввал хоҳад буд. 
Бозиҳои дуввуми гурӯҳ бо ширкати дастаҳои Нидерландҳо -  Камерун ва Канада – Зеландияи Нав доир шуданд.
Пас аз даври дуюми рақобатҳои гурӯҳӣ ҷадвали гурӯҳи Е чунин аст. Нидерландҳо ва Канада пас аз ғалабаҳои худ бо 6  имтиёзӣ зинаи аввал ва дуюмро байни ҳам тақсим намуданд. Камерун ва Зеландияи Нав мавқеашонро тағйир надода, дар  ду зинаи охир қарор доранд.
Дастаи пурбаҳои Ҷоми ҷаҳон, қаҳрамони аввалин, феълӣ ва секаратаи ҷаҳон, мунтахаби  ИМА бошад дар гурӯҳи F ба худ ҳамто надорад. Дар бози аввалини худ хубони футболи Амрико 13 голи беҷавобро ба тури дарвозаи Тайланд равон намуданд. Дар марҳилаи дуюми гурӯҳӣ дастаи занонаи ИМА бо дастаи дигари қитъаи Амрико, мунтахаби Чили бозӣ намуданд.  Бозии дигари ин гурӯҳ рақобати мунтахабҳои занонаи Шветсия ва Чили буд. 
Дар ҷадвали гурӯҳи F пас аз бозиҳои дуюми рақобатҳои гурӯҳӣ  ҳеҷ гуна тағйирот нест: Дастаи занонаи ИМА дар зинаи якум, Шветсия зинаи дуввум, Чили ва Тайланд дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд. 
Бозиҳои марҳилаи сеюми рақобатҳои гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2019 байни бонувон аз  то 21-уми моҳи ҷорӣ давом хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив