LIVE

Футболи бонувон (қисми 3)

Дар ин рузу шабҳо таваҷҷуҳи кулли дустдорони футбол ба 2 кишвар равона гардидааст. Яке Бразилия, ки он ҷо Копа Америка ҷараён дорад ва дигаре Фаронса, ки беҳтаринҳои футболи занонаро ба ҳам овардаст. 8-умин Ҷоми ҷаҳон байни бонувон ҷолибу диданӣ сурат гирифта, ба ҳангоми бозиҳо варзишгоҳҳои  кишвари Фаронса моломоли мухлисонанд.  Омадани 10 ҳазор мухлис ба тамошои бозии гурӯҳии мунтахаби занонаи Нидерландҳо тасдиқи воқеии ин гуфтаҳост. 
Дастаҳое, ки ба марҳилаи ҳазвӣ роҳашонро ҳамвор сохтанд, дар натиҷаи рақобатҳои охирини гурӯҳӣ маълум гаштанд.   Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва 4 мунтахаби беҳтарин бо ишғоли ҷои сеюм ба даври плей-офф роҳ ёфтанд.
Дар гурӯҳи  А аз оғози чемпионат дастаи пурбаҳо ба ҳамагон маълум буд. Мувофиқ ба хоҳиши мухлисон дастаи мизбон , мунтахаби Фаронса дар 3 дидор 3 ғалаба намуд. Дар бозии оихири худ фаронсавиҳо  бо ҳисоби 1-0 бар Нигерия  зафар ёфтанд. Ягона голи дастаи занонаи Фаронсаро  Ренард аз пеналти ба ҳадаф расонд. Норвегия ҳам дар ин гурӯҳ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт. Мунтахаби занонаи ин кишвар дар бозии даври сеюми гурӯҳи муқобили Кореяи Ҷанубӣ майдондорӣ карда, бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад. 
Баъд аз бозиҳои охирини  даври гурӯҳӣ   Фаронса бо касби 9 хол дар зинаи якум, мунтахаби занонаи Нигерия бо шаш хол дар мавқеи дуюм қарор гирифта ба марҳилаи минбаъда роҳ ёфтанд. Нигерия танҳо 3 холро касб намуд, аммо ба қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи сеюм  шомил шуда роҳашро ба марҳилаи минбаъда рушан сохт. Кореяи Ҷанубӣ аз идомаи роҳи мубориза бенасиб шуд. 
Дар гурӯҳи Б Олмон натиҷаи беҳтаринро нишон дода, 3 бозиро бо ғалаба анҷом дод. Рақобати охирини гурӯҳӣ муқобили Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 4-0 бар суди олмониҳо анҷом ёфт. Испания ва Хитой бозии сеюми гурӯҳиро бидуни гол ба итмом расонданд. 
 Ҷадвали  ниҳоии  гурӯҳи   Б чунин аст:
Олмон бо 9 хол дар зинаи якум қарор гирифт. Испания ва Чин 4 имтиёзӣ дошта, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва саввум қарор гирифтанд. Ин се мунтахаби занона ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Африқоӣ ҷанубӣ, ки аввалин маротиба дар мусобиқаи фароҷаҳонӣ ширкат варзид аз саф берун афтод.  
Дар гурӯҳи С итолиёвиҳо новобаста ба мағлубият аз Бразилия бо ҳисоби 1-0, дар садри ҷадвал боқӣ монданд. Австралия, ки Ямайкаро торумор намуд, дар зинаи дуюм қарор гирифт. 
Ҷадвали гурӯҳи С  баъд аз  анҷоми бозиҳои гурӯҳӣ чунин шакл гирифт. Италия  садрнишини гурӯҳ бо 6 хол буда, дастаи занонаи Австралия  бо 6 хол зинаи дуюмро моли худ намуд. Аз ин гурӯҳ ҳам 3 даста ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Италия, Австралия ва Бразилия. Ямайка бо Ҷоми ҷаҳон хайру хуш намуд.
Дар гурӯҳи D  гулдухтарони англис ба дастаҳои дигар имконият надоданд. Дар 3бозӣ 3 ғалаба насиби футболбозони англис гардид. Рақиби онҳо дар марҳилаи сеюм дастаи Ҷопон буд. Шогирдони Гарри Неввил бо 2 голи Елен Вайт бар ҷопониҳо дастболо шуданд.  Аргентина ва Шотландия бозии охирини гурӯҳиро мусовӣ анҷом доданд. 
Бо анҷом ёфтани  рақобатҳои гурӯҳӣ   Англия 9 хол касб намуда, дар зинаи аввал боқӣ монд. Ҷопон бошад зинаи дуюмро ба  худ ихтисос дод. Ду мунтахаби номбаршуда аз ин гурӯҳ роҳхати даври навбатиро аз они худ карданд. Аргентина ва Шотландия аз идомаи роҳи мубориза бенасиб шуданд. 
Дар гурӯҳи Е ангезаи асосӣ дарёфти  зинаи якум ба ҳисоб мерафт . Барои ишғоли ин мавқеъ мунтахабҳои занонаи Нидерландҳо ва Канада мубориза доштанд. Билохир Нидерландҳо бо ҳисоби 2-1 ғолиб омада, зинаи якуми гурӯҳро моли худ сохт. 
Пас аз даври сеюми рақобатҳои гурӯҳӣ дастаҳо ҷадвали гурӯҳи Е мавқеъҳои зерин гирифтанд. Нидерландҳо бо 9  имтиёз зинаи аввалро ба худ ихтисос дод. Дар мавқеи дуюм Канада қарор гирифт.  Камерун   бо 3 имтиёз зинаи сеюмро ишғол намуд. 3 дастаи занонаи номбаршуда ба марҳилаи ҳазвӣ роҳхат гирифтанд. Барои Зеландияи Нав Ҷоми ҷаҳон хотима ёфт. 
Дастаи пурбаҳои Ҷоми ҷаҳон, мунтахаби  ИМА бошад  дар бозии охирини гурӯҳӣ бар дастаи занонаи Шветсия бо натиҷаи 2-0 дастболо шуда, зинаи аввалро нигоҳ дошт. Шветсия новобаста ба мағлубияти худ рақобатҳои гурӯҳиро дар зинаи дуввуми гурӯҳи  Ғ ба итмом расонд. 
Дар ҷадвали гурӯҳи F баъд аз рақобатҳои гурӯҳӣ   тағйирот ба амал наомад: Дастаи занонаи ИМА дар зинаи якум, Шветсия зинаи дуввум, Чили ва Тайланд дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор гирифтанд. Мунтахабҳои занонаи Чили ва Тайланд Ҷоми бо ҷаҳон падруд гуфтанд. 
Баъ аз дидорҳои ҷолиб ва пуршиддати  бозиҳои гурӯҳӣ, ҳафтаи ҷорӣ мунтахабҳои беҳтарини занона   рақобатҳои худро дар марҳилаи ҳазвӣ идома доданд. Сараввал дастаҳои занонаи Олмон ва Норвегия бо рақибони худ Нигерия ва Австралия ба арсаи рақобат ворид шуданд. 
Ду бозии дигари ин марҳила бо иштироки дастаҳои Англия – Камерун ва Фаронса – Бразилия баргузор шуданд. Ҳамагон бозии фаронсавиҳо ва бразилиҳоро интизор доштанд, чунки дар ҳайати ҳар 2 тим гулдухтароне бозӣ мекунанд, ки дар футболи занона ба худ ҳамто надоранд. Аввалтар аз ҳама мебояд бозигари тими Бразилия – Мартаро қайд намуд, ки дар ҷомҳои ҷаҳон аллакай 17 голро ба номаш сабт кардааст, ки ин ҳатто бештар аз Мирослав Клозе, беҳтарин нишонзан дар таърихи Ҷомҳои ҷаҳон байни мардон ба ҳисоб меравад.     
Рақиби мунтахаби занонаи Испания дар марҳилаи плей-офф дастае гардид, ки аллакай дар ин мусобиқа рекорд гузошт. Гап сари ғалабаи мунтахаби ИМА бар Тайланд бо ҳисоби 13-0 меравад.  Рекорди қаблӣ   марбут ба дастаи занонаи Олмон ҳаст, ки соли 2015 ба дарвозаи Кот- дИвуар 10 голи беҷавоб  зад.  Шветсия бошад дар марҳилаи якҳаштниҳоӣ  бо Канада майдондорӣ намуд. 
Ду рақобати охирини марҳилаи плей-офф дидори мунтахабҳои Италия – Ҷумҳурии мардумии Чин ва Нидерландҳо – Ҷопон ба ҳисоб мерафт.   Агар дар  ҷуфти Италия-Чин дастаи пурбаҳоро муайян сохтан душвориро пеш намеовард, пас дар ҷуфти Нидерландҳо – Ҷопон ҳеҷ чиз маълум набуд. 
Дар даври чаҳорякниҳоӣ моро ҷолибтарин сабқатҳо мунтазиранд. Фаронса – ИМА, Норвегия – Англия, Италия – Недерландҳо ва Олмон Шветсия баҳри дарёфти роҳхати даври нимниҳоӣ мубориза хоҳанд бурд. Ин марҳила аз 28-ум то 30-юми моҳи ҷорӣ идома меёбад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив