LIVE

Кӣ гуфт, ки футбол барои бонувон нест? Натоиҷи бозиҳои аввали Ҷоми Ҷаҳон-2019 (бонувон)

8-умин чемпионати ҷаҳон байни занон оид ба футбол  7-уми июн дар кишвари Фаронса оғоз гардид. Дар ин мусобиқот 24 мунтахаб иштирок мекунанд. 4 сол қабл аз ин дар рафти баргузории чемпионати ҷаҳон миёни занон мунтахаби ИМА дар финал Ҷопонро бо ҳисоби 5-2 мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шуд. Мунтахаби ИМА ин дафъа унвони қаҳрамониро дифоъ мекунад. Зимнан иштирокчиёни мусобиқот имкони ба даст овардани роҳхати Бозиҳои Олимпии Токио-2020-ро низ доранд.
Рақобатҳо дар 9 шаҳри Фаронса, аз ҷумла: Гренобл, Гавр, Лион, Монпелйе, Нитса, Реймс, Ренн, Валенсйен ва Париж доир мегарданд. Бозии кушодашавии мусобиқот бо иштироки мунтахабҳои Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и Париж баргузор гардид.
Дар чемпионати ҷаҳон байни бонувон 24 мунтахаб аз 6 конфедератсияи футболӣ иштирок мекунанд. Мунтахабҳои Чили, Шотландия, Ямайка ва ҶАҶ бори аввал дар чунин мусобиқоти фароҷаҳонӣ иштирок хоҳанд кард. Мунтахабҳои Ҷопон, Бразилия, Норвегия, Шветсия, Олмон, ИМА ва Нигерия бе танаффус дар ҳамаи мусобиқот иштирок карда истодаанд.
Дастаҳои иштирокчӣ ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ ҷудо шуда давоми як моҳ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва 4 мунтахаби беҳтарин бо ишғоли ҷои сеюм ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Баъдан бозиҳо тибқи низоми олимпӣ сурат гирифта, 7-уми июл дар варзишгоҳи “Парки Олимпи”-и Лион қаҳрамони ҷаҳон муаяйн мегардад.
Гурӯҳи А аз чунин дастаҳо таркиб ёфтааст:
Фаронса
Норвегия
Нигерия
Кореяи Ҷанубӣ
Дар мавриди як бозии ин гурӯҳ,  ки рақобати кушодашавӣ буд, аллакай ҳарф задем.  Дар бозии дигари ин гурӯҳ  Норвегия ва Нигерия андари майдони рақобат шуданд. Новобаста ба он ки аввалин ҷоизадори туби тиллоӣ   мобайни   бонувон Ада Хёгерберг аз бозӣ карданаш дар ҳайати мунтахаби кишвараш Норвегия даст кашид, ҳамватанонаш бар хубони футболи Норвегия бо ҳисоби калони 3-0 дастболо шуданд.
Пас аз даври авали рақобатҳои гурӯҳӣ дастаҳо дар гурӯҳ ба таври зайл мавқеъ касб намудаанд:
Дар зинаи аввал Фаронса, бо 3 хол қарор гирифт. Зинаи дуввумро бо 3 имтиёз Норвегия ба худ ихтисос дод. Мунтахабҳои Кореяи ҷанубӣ ва Нигерия ягон хол надошта, мутаносибан  дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд.
Дастаҳое, ки шомили гурӯҳи Б ҳастанд инҳо мебошанд:
Мунтахаби занонаи Испания, ки давоми солҳои охир бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, дастаи занонаи Олмон, қаҳрамони феълии бозиҳои олимпӣ, ки дар футболи занона аз ҳама зиёд гол мезанад , ҳамчунин мунтахабҳои занонаи Чин ва Африқои Ҷанубӣ. Дар марҳилаи аввали рақобатҳои гурӯҳӣ Испания бо Африқои Ҷанубӣ ва Олмон бо мунтахаби занонаи Чин майдондорӣ карданд.
 Пас аз  бозиҳои аввал ҷадвали ин гурӯҳ чунин аст: Испания ва Олмон бо 3 имтиёзӣ дар зинаҳои якум ва дуввум қарор гирифта, Чин ва Африқои ҷанубӣ дар ду зинаи баъдӣ мавқеъ касб карданд.
 Агар гап сари футболи мардона мерафт, мегуфтем, ки пентакампионҳо, яъне бразилиҳо ва қаҳрамонони чоркаратаи ҷаҳон, итолиёвиҳо дар гурӯҳи С қарор доранд. Мудом ки мо атрофи футболи занона ҳарф мезанем, месазад қайд намуд, ки дастаҳои занонаи Бразилия ва Италия ҳеҷ гоҳ ҷоми ҷаҳонро бар фарози сари худ баланд набардоштаанд. Австралияро ҳам фаромуш намесозем, ки дар ҳайати худ беҳтарин нишонзани лигаи футболи занонаи Амрико, Саманта Кайерро дорад. Даста дигари ин гурӯҳ Ямайка мебошад.
Дар бозиҳои аввали ин гурӯҳ Бразилия бо Ямайка ва Италия бо Австралия майдондорӣ карданд. 
 Ҷадвали гурӯҳи С пас аз даври якуми бозиҳои гурӯҳӣ чунин аст. Бразилия ва Италия 3 холӣ дошта, ду зинаи якумро ба худ ихтисос додаанд. Дар ду зинаи баъдӣ Австралия ва Ямайка қарор доранд. 
Гурӯҳи D ҳам аз дастаҳои қавӣ таркиб ёфтааст. Барои мисол Ҷопон, ки иштирокчии бозии ниҳоии ҷоми ҷаҳон-2015 байни занон буд, яке аз дастаҳои ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Англия, ҳам дар ин гурӯҳ яке аз дастаҳои пурбаҳо маҳсуб мешавад. Ду дастаи дигари ин гурӯҳ мунтахабҳои занонаи  Аргентина ва Шотландия ба ҳисоб мераванд. Дар даври аввали бозиҳои гурӯҳӣ мухлисон шоҳиди дербии Британия, яъне дидори дастаҳои Англия ва Шотландия гардиданд. Дар бозии дигар дастаҳои занонаи Аргенина ва Ҷопон андари майдони рақобат шуданд.
Пас аз бозиҳои якуми рақобатҳои гурӯҳӣ  Англия бо 3 хол дар зинаи аввал қарор гирифт. Ҷопон бошад зинаи дуюмро ихтисос дод. Аргентина ва Шотландия дар ду зинаи баъдӣ мавқеъ касб намуданд.
Дар гурӯҳи Е ҳам моро рақобатҳои ҷолиб мунтазиранд. Дастаи авлии ин гурӯҳ қаҳрамони феълии Аврупо, мунтахаби занонаи Нидерландҳо ба ҳисоб меравад. Хубони футболи Нидерландҳо дар Чемпионати Аврупо бозии беҳтаринро нишон медоданд ва дар як бозиҳои плей-офф камаш 3 гол дар як рақобат ба ҳадаф мерасонданд. Се дастаи дигари гурӯҳи Е Канада, Зеландияи нав ва Камерун ба ҳисоб мераванд. 
Бозиҳои аввали гурӯҳ бо ширкати дастаҳои Зеландияи Нав – Нидерландҳо ва Камерун-Канада доир шуданд.
Пас аз даври якуми рақобатҳои гурӯҳӣ ҷадвали гурӯҳи Е чунин аст. Нидерландҳо ва Канада пас аз ғалабаҳои худ бо 3 имтиёзӣ дар ду зинаи аввал қарор доранд. Камерун дар зинаи сеюм ва Зеландияи Нав бошад дар ҷои чаҳорум қарор гирифт. 
Қаҳрамони аввалин, феълӣ ва секаратаи ҷаҳон, мунтахаби  ИМА бошад шомили гурӯҳи F аст. Рақибони дастаи беҳтарини занона дар марҳилаи гурӯҳӣ Тайланд, Чили ва Шветсия хоҳанд буд. 
Мунтахаби занонаи ИМА дар бозии аввали гурӯҳӣ бо Тайланд ва Шветсия бо Чили андари майдони рақобат шуданд.
Ҷадвали гурӯҳи F пас аз бозиҳои аввали рақобатҳои гурӯҳӣ ба таври зайл аст: Дастаи занонаи ИМА дар зинаи якум, Шветсия зинаи дуввум, Чили ва Тайланд дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум мавқеъ касб карданд. 
Бозиҳои марҳилаи дуввуми рақобатҳои гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2019 байни бонувон аз 12-ум июн то 16-уми моҳи ҷорӣ давом хоҳанд кард.  
 Таҳияи Гулруз Х.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив